Раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Олмон рӯзи 10 декабр бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи охирин талошҳои Вашингтон барои таъмини сулҳ ва поён додан ба ҷанг дар Украина, телефонӣ сӯҳбат кардаанд.
Ин се кишвари аврупоӣ дар эъломияҳои алоҳида дар бораи ин тамоси телефонӣ гуфтаанд, ки раҳбарони онҳо аз талошҳои миёнҷигарии президенти ИМА дар заминаи даст ёфтан ба сулҳи пойдор дар Украина ситоиш кардаанд. Дар эъломияҳои ин се кишвар гуфта шудааст, ки баррасиҳо дар мавриди тарҳи сулҳ идома дорад ва дар рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дошт.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфт, ки ҳудуди 40 дақиқа бо Доналд Трамп ва ҳамтоёни аврупоияш гуфтугӯи телефонӣ доштааст.
Дар эъломияи расмии ҳукумати Бритониё гуфта шудааст, ки раҳбарон тавофуқ доштанд, ки ин лаҳзаи сарнавиштсоз барои Украина, мардуми он ва амнияти муштараки Аврупо ва Атлантика аст.
Дар ҳафтаҳои ахир кишварҳои аврупоӣ ва Украина рӯи тарҳи пешниҳодии Амрико, ислоҳ ва такмили он кор карданд. Бар асоси ин тарҳ, Украина бояд ҷузъе аз қаламравҳои ишғолшудаашро бояд ба Русия вогузор кунад, аз пайвастан ба НАТО даст бикашад ва маҳдудиятҳоеро бар ҳаҷми артиши худ бипазирад.
Украина зери фишори Кохи Сафед қарор дорад, то ҳарчӣ зудтар бо Русия ба созиши сулҳ бирасад, аммо дар баробари тарҳи мавриди ҳимояти Амрико, ки дар моҳи гузашта пешниҳод шуд ва бисёре онро ба нафъи Маскав медонанд, муқовимат мекунад.