Чор муштзани тоҷик ба чорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтанд

Акс аз бойгонӣ

Чаҳор муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ин мусобиқот то рӯзи 13-уми декабр дар шаҳри Дубай идома меёбад. Дар маҷмуъ намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз рӯи ҳамаи вазнҳо 13 нафар муаррифӣ мекунанд. Аз байни онҳо чаҳор нафар ба чорякфинал баромаданд.

Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни 51 кило, ки дар рақобати аввали худ бар намояндаи Непал пирӯзӣ ба даст овард, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар муштзани қирғиз ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило дар рақобати аввал бар муштзани Лесото дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ пайдо кард.

Акмал Убайдов дар вазни 60 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англияро бо нокаут мағлуб намуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Македония ғолиб омад ва ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд.

Некрӯз Салимов, ки дар вазни 80 кило дар рақобати аввал намояндаи Камбоҷаро мағлуб кард, дар рақобати дуюм бар муштзани Македония пирӯзӣ ба даст оварда, ба чорякфинал роҳ ёфт.

Аммо нуҳ муштзани тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Меҳрон Шафиев дар вазни 48 кило дар рақобати аввал аз намояндаи Озарбойҷон мағлуб гардид. Анӯшервон Фозилов, ки дар вазни 54 кило дар рақобати аввал бар намояндаи Мозамбик ғолиб шуд, дар рақобати дуюмаш аз муштзани Замбия шикаст хӯрд.

Руслан Ғафуров дар вазни 63,5 кило, ки дар рақобати аввал бар намояндаи Молдова дастболо шуд, дар рақобати дуюмаш аз муштзани озарбойҷонӣ дучори бохт гардид. Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кило, ки дар рақобати аввал бар муштзани Конго ғолиб омад, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз намояндаи Мозамбик шикаст хӯрд.

Шаҳобҷон Шукуров, ки дар вазни 75 кило бидуни рақобат ба даври дуюм роҳ ёфт, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз муштзани аргентинӣ ноком шуд. Шамшер Саидов дар вазни 82 кило дар нахустин рақобати худ аз муштзани Беларус шикаст хӯрд. Парвиз Каримов дар вазни 86 кило, ки дар нахустин рақобаташ бар муштзани Нигерия дастболо шуд, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ аз намояндаи Беларус мағлуб гашт.

Наврӯз Ҷафоев дар вазни 92 кило дар даври якум аз намояндаи Қазоқистон дар раунди аввал бо нокаут шикаст хӯрд. Муҳаммад Аброриддинов дар вазни ҷамъи 92 кило, ки дар рақобати аввали худ бар намояндаи Олмон ғалаба кард, дар даври дуюм аз Давид Чалоян аз Арманисто мағлуб шуд.

Рақобатҳои даврҳои чорякниҳоӣ ва ниманиҳоӣ то 11-уми декабр ва сабқати ниҳоӣ 13-уми декабр доир мешаванд.

Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар мегиранд. Аз ин маблағ 50 дар сад ба муштзанҳо, 25 фоиз ба мураббӣ ва 25 фоиз ба федератсияҳои миллӣ супурда мешавад.