Ҷоизаи Нигора Назарӣ, ҳомии паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон

Нигора Назарӣ бо шогирдонаш дар маркази "Ориёно". Акс аз UNHCR

Нигора Назарӣ, ҳомии ҳуқуқи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон, дар барбари як созмон ва се нафари дигар бо ҷоизаи бонуфузи Нансен қадрдонӣ шудааст.

Ҷоизаро UNHCR ё Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 16 -уми декабр дар Женева месупорад.

Назарӣ дар Тоҷикистон паноҳҷӯ аст ва ҳаммуассиси Маркази таълимии “Ориёно” дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Ӯ риштаи иқтисодро хондааст, вале, ба навиштаи UNHCR, кумак ба паноҳандагонро интихоб намуд.

Вайро барои пеш бурдани кори муваффақиятомези марказе барои кӯдакони гурезаи афғон дар Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд. Дар ин марказ ба кӯдакони паноҳҷӯ таълим медиҳанд.

UNHCR дар баёнияе Нигора Назарӣ ва барандагони дигари ҷоизаро “шахсони бузургу илҳомбахш” номид, ки ба афроде, ки маҷбур шудаанд фирор намоянд, “бо ҷасорату муҳаббати инсонӣ кумак расондаанд.”

Ҷоизаи асосиро Мартин Азиа Содеа аз деҳаи Гадо Бадрезери давлати Камерун ба даст овард. Ӯро барои ташкили кор ва пазироии 36 ҳазор паноҳҷӯ аз Африқои Марказӣ қадрдонӣ намуданд.

Пабло Морено Кадена барандаи ҷоизаи Нансен дар минатқаи Амрико дониста шуд, чун ӯ ба ҳайси як раҳбари корхонаи тиҷоратӣ дар Мексика барои ҳамгироии гурезаҳо дар бозори меҳнат заҳмат кашидааст.

Созмони украинии “Пролиска” дар бахши Аврупо барои кумакаш ба зиёда аз 3,2 миллион нафар ва Тобон Шореш дар бахши Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ баранда шуданд. Шореш як фаъоли ҳуқуқи занон буда, барои наҷотёфтагони низоъҳо дар Ироқ, махсусан занону духтарон, кумак мерасонад.

Нигора Назарӣ барандаи ҷоизаи UNHCR дар бахши минтақаи Осиё ва Уқёнусияи ин созмон дар соли 2025 гардид.

Ҷоизаи Нансен соли 1954 таъсис ёфта ба шахсон, гурӯҳҳо ва созмонҳое тақдим мешавад, ки ҷудо аз кору фаъолияти касбии худ барои ҳимоят аз паноҳандагон, шахсони бешаҳрвандӣ ва ё беҷошудагон ёрӣ мерасонанд.