Хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон охирин маҳалли зисти Бахтовар Расулови 19-сола буд. Ҷасади овезони ӯро рӯзи 6-уми декабр яке аз ҳамхонаҳояш пайдо кард.
Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳамсару духтараш шоми 7-уми декабр дар шароити номаълум фавтидаанд. Наздиконаш мегӯянд, аҳволи аъзои ин оила баъди истеъмоли хӯроки шом бад шуда, се нафарашон то даъвати пизишкон ҷон доданд.
Алишер Саидов, сокини 43-солаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ки ба қавли пайвандонаш ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳо “аз сӯйи Афғонистон” дар ду ноҳияи наздимарзиро “амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангез” номида, шадидан маҳкум кардааст. Дар ин ҳамлаҳо дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Дар пайи ҳамлаи шахсони мусаллаҳ, ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз самти Афғонистон сурат гирифтааст.
Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора Владимир Зеленский дар як муроҷиаташ ба сокинони ин кишвар хабар дод.
Дар чанде аз вилоятҳои Эрон ба сабаби олудагии ҳаво мактабҳоро баста ва ё ғайриҳузурӣ ё онлайнӣ кардаанд. Дар Теҳрон бузургтарин шаҳри кишвар ба ҳадде олуда шудааст, ки ба гуфтаи баъзе аз сокинон дигар ба сахтӣ пеши чашми хешро мебинед.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Ёфтҳои бештар