Дар шаҳри Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, зоҳиран ғизои заҳролуд сабаби марги се узви як хонадон шудааст. Дар байни қурбониён падару модар ва як кӯдаки чаҳорсолаи онҳо буда, се нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд.
Фоҷиа дар хонаводаи Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара, шоми 7-уми декабр рух додааст. Наздиконаш мегӯянд, баъд аз хӯрдани ғизои шом аҳволи аъзои оила бад шуд ва се нафар то омадани пизишкон ҷон доданд.
Сабаби расмии марги ин афрод ҳанӯз маълум нест. Баъзе аз наздикони хонавода тахмин мекунанд, ки эҳтимол хӯрише, ки истеъмол кардаанд, сабаби заҳролуд шудани онҳо гаштааст.
Як манбаи огоҳ аз ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷасади Искандар Маликӣ, ҳамсараш Муаттархон ва духтари 4-солаашон дар сардхонаи шаҳри Исфара қарор дорад ва сабаби марги онҳо таҳқиқ карда мешавад."
Модари Искандар Маликӣ ва ду фарзанди дигари хонавода дар бемористон ҳастанд ва зери назорати пизишкон қарор доранд. Аксар фарзандони оила ноболиғ буда, хурдтаринашон ҳамагӣ семоҳа будааст.
Тайибиддин Муҳаммадов, сартабиби бемористони марказии Исфара, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "мутахассисон аз маркази вилояти Суғд омада, сабаби фавтро таҳқиқ мекунанд."
Ӯ афзуд, "як фарзанди Искандар Маликӣ дар шуъбаи эҳё қарор дорад. Вазъи кӯдаки семоҳа ва модари Маликӣ хуб аст. Як фарзанди дигарашон шаби ҳодиса ҳамроҳи хонавода набудааст."
Агарчӣ ҳоло хулосаи ниҳоии табибон дар бораи марги се узви як хонавода маълум нест, дар гузашта чанд мавриди заҳролудшавӣ аз консерваҳои худсохт ва марги чанд узви як хонавода мушоҳида шудааст.
Ғизои олуда соли 2019 дар Кӯлоб як хоҳару бародар ва соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов модару духтарро кушт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: